Бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо марҳилаи аввали корҳои сохтмони Маркази миллии таълимӣ оид ба таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз гардид.
Ин машқгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзишӣ, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат хоҳад буд. Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, неруи барқ таъмин ва атрофи биноҳо сабзазор хоҳанд шуд. Тамрингоҳи миллӣ маҷмааи беназири махсусест, ки бо назардошти хусусияти минтақа ва талаботи муосир сохта шуда, омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдодро дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд. Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифодаи онро пурра меомӯзанд.
Тавре КҲФ хабар медиҳад, татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро баланд мебардорад, балки ба якҷояшавии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар маҷмӯъ, ин лоиҳа се марҳилаи иҷро дорад ва марҳилаи аввали он аз моҳи январ то ноябри соли 2021-ро дар бар мегирад.