Паёми “Тоҷикистон”: Ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст

Имрӯз 20-умин рӯзи соли 2021, чоршанбе аст.

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 22-23 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, боришот (борон бо гузариш ба барф), 22 январ бошиддат ва дар баъзе ноҳияҳои НТҶ ва вилояти Хатлон пуршиддат ба амал меояд. Ҳарорати шабонаи ҳаво то 8-100 ва рӯзона то 10-150 (бо истисно аз ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Бо сабаби воридшавии анбуҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Руссия дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ бӯрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои водибудаи ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгар пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.

20 январи соли 2021 бошад, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 4+6° гарм рӯзона 13+15° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 2+7° гарм рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм гарм рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар ғарби ВМКБ бошад, шабона 2-7° хунук то 11-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук дар шарқи вилоят шабона 17-22° хунук то 25-30 хунук рӯзона 7-12° хунук то 15-20° хунук мешавад.

Ба иттилои коршиносон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм рӯзона 7+9° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои шаҳри Душанберо шабона 4+6° гарм, рӯзона 13+15° гарм гуфтааст. Дар НТҶ ҳавои тағийрёбанда шуда, дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Қурби асъор

Имрӯз 1 доллари ИМА 11.3000 сомонӣ, 1 евро 13.7193 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1522 сомонӣ баробар аст.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

20 январи соли 1939 аввалин шумораи рӯзномаи «Ахбори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон» нашр шуд;

Дар ҳамин рӯзи соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии хатсайри нави ҳавоии «Алмаато-Душанбе-Алмаато» баргузор гардид;

11 сол пеш, 20 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA-1000»-ро  тасдиқ намуд;

Имрӯз дар Озарбойҷон Рӯзи андӯҳи умумихалқӣ ва дар Мали Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *