Ахбори ВКД: Дуздӣ дар ноҳияҳои пойтахт

Дуздӣ дар пойтахт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ, дастгир карда шуд.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКД номбурда шаби 21 ба 22 сентябри соли 2020 бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони таъмири телефонҳо, воқеъ дар бозорчаи «Зарафшон»-и пойтахт шуда, аз он ҷо 8-адад телефонҳои гуногун ва дигар таҷҳизоти ба телефонҳо тааллуқдоштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 237 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дубора дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ноболиғ 26 декабри соли 2020 дар назди МС «Садбарг»-и пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-10»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Марги ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ

17 январи соли 2021ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Гулаев Акмалҷон — сокини ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ваҳдат-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон — Мирзокаримова Гулизор ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигулро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Н. аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд, Мирзокаримова Г. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *