Шартҳои иштирок дар мусобиқаи Токио – 2020

Дар маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии бозиҳои Токио-2020 Аз 11 000 иштирокчии бозиҳо 6000 нафар иштирок мекунанд.

“Барои таъмини бехатарии варзишгарон мо чунин мешуморем, ки шумораи иштирокчиён дар маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавӣ бозбинӣ, ҳамчунин шароити ворид шуданашон ба варзишгоҳ тартиб дода шавад”, – гуфтаанд ташкилкунандагони Токио-2020.

Ба навиштаи Кумитаи миллии олимпии кишвар ташкилкунандагони бозиҳо борҳо иброз намуданд, ки маросимҳои бозиҳо, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 ба имсол гузаронида шуданд, содда хоҳад буд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ интизор дорад, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳо 6000 варзишгар иштирок хоҳанд кард. Умуман, дар бозиҳо иштироки ҳудуди 11000 варзишгар дар назар аст.

Онҳо моҳи гузашта тасдиқ карда буданд, ки шумораи шахсони расмӣ, ки дар маросимҳои ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо ширкат мекунанд, дар доираи 6 нафар иҷозат дода хоҳанд шуд.

Тибқи тартиботе, ки пешниҳод шудааст, варзишгарон бояд панҷ рӯз пеш аз мусобиқа ба Деҳаи олимпӣ ворид шуда, ҳадди аксар 2 рӯз пас аз мусобиқа онро тарк кунанд. Барои кишварҳое, ки вақти сафарашон ба Ҷопон ва тағйирёбии вақт кам аст, рӯзҳои истоданашон дар Деҳаи олимпӣ бояд кам бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *