100 сония: Маҳдудиятҳои воридшавӣ ба ИМА бардошта шуд

ТАСС: Дар қисмати шимолии давлати Ҷопон беш аз 60 тан ҳангоми тоза намудани барф аз болои боми хонаҳои иқоматии худ ба халокат расидаанд. Аксари онҳо шахсони кӯҳансол будаанд. Дар шимоли ҷазираҳои ҷопонии Хонсю ва Хоккайдо аз моҳи декабри соли 2020 инчониб бориши барф идома дорад, ки барои мардум мушкилоти зиёдеро пеш овардааст.

Корреспондент.net: Дар Шветсия ҳукуматдорон чораҳои амниятиро ба хотири пешгирӣ аз доман паҳн кардани коронавирус шадидтар намуданд. Ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист ва онҳое, ки ин қоидаро риоя намекунанд ба маблағи 2 ҳазор крон ( 238 доллар) ҷарима баста мешаванд.

Ин қоида пас аз 27-уми январ ҷорӣ мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар Шветсия қонун дар бораи пандемия муваққатан аз 10 январ то интиҳои моҳи сентябр ҷорӣ шудааст. Дар доираи ин қонун аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки бе зарурат аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набаранд, ба мағоза, муассисаҳои фарҳангӣ, умуман ба кӯчаҳо набароянд. Дар як ҷо ҷамъ омадани аз 4 тан зиёд иҷозат дода намешавад.

РИА Новости: Дар Аргентина зилзилаи 6,5 балла мардумро ба таҳлукка овард. Маркази ин зилзила дар музофоти Сан – Хуан буда, такони шадиди замин ва такрорёбии дубораи он бо нерӯи камтар боиси нигаронӣ ва ба кӯчаҳо баромадани мардум гардид.

Корреспондент.net: Президенти то имрӯз амалкунандаи ИМА  Доналд Трамп  фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он маҳдудиятҳои воридшавӣ  ба ИМА барои шаҳрвандони хориҷӣ,  ки бинобар хурӯҷи коронавирус ҷорӣ шуда буд, аз байн бардошта мешавад.  Ин ҷо сухан дар бораи шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Шенген меравад. Британияи Кабир, Ирландия, ва Бразилия. Тибқи ин фармони Трамп ин чораи маҳдудкунӣ аз санаи 26-уми январ бардошта мешавад. Ин фармони худро Доналд Трамп як рӯз қабл аз иннаугуратсияи президенти тозаинтихоби ИМА Джо Байден ба имзо расонид.

Корреспондент: Дар Олмон намуди нави коронавирус ошкор гардид. Дар бемористони Гармиш – Партенкирхени шаҳри Бавария дар бадани 35 тан намуди нави коронавирус ошкор карда шуд. Директори ин бемористон гуфтааст, ки айни замон мутахассисон пайи омӯзиши ин намуди нави ошкоргардида ва дараҷаи таъсирнокии он мебошанд. Ошкор шудани намуди нав ҳоло маънои онро надорад, ки он вазнинтар ва сироятноктар мебошад-гуфтааст роҳбари ин бемористон.

Холиқзода Моҳшариф

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *