Барои мубориза бо коронавирус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як соли гузашта 1354,6 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳр ин маблағ барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба кормандони муассисаҳои тибби шаҳр, барои харидории маводҳои зидди вирусӣ ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, стансияи ёрии таҷилию тиббӣ, Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Марказҳои саломатии шаҳрӣ равона карда шуданд.
Ҳамзамон, дар соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 солаи шаҳри Хуҷанд, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд 23,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ин мақсад равона гардидааст.