Барои 80 кишвар воксани ройгон тақсим шуданист

Ба андешаи Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейсус ҷаҳон дар остонаи як фалакати ахлоқӣ қарор гирифтааст.

Ӯ дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурстӣ бахшида ба ташаббуси COVAX, ки қарор аст воксанро миёни кишварҳои фақир ва камсармоя ройгон тақсим кунад, гуфтааст, ки то кунун 80 кишвари олам барои ширкат дар барномаи ёдшуда изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо кишварҳои мутараққӣ дар навбати аввал талош доранд аввал сокинони худро бо воксан таъмин созанд.

Тавре дар сомонаи КҲФ омадааст, то кунун 39 миллион воя аз воксанҳои тавлидшуда миёни 49 кишвари ҷаҳон тақсим шудааст. Ин дар ҳолест, ки як кишвари фақир танҳо 25 вояи истифода дарёфт кардааст. Ба иттилои СУТ ҳоло Чин, Британия, Амрико, Русия ва Ҳинд кишвраҳое ҳастанд, ки муваффақ дар тавлиди  воксани муассири корона шудаанд ва тақрибан ҳамаи онҳо авлавиятро ба масрафи дохилӣ додаанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Эстония, Арманистон ва ғайра ба рӯйхатти ташаббуси COVAX дохил мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *