Барои хатнаи ройгон 694 ҳуҷраи махсус фаъол гардидааст

акс аз интернет

Дар муассисаҳои тандурустии кишвар давоми соли гузашта беш аз 80 ҳазор кӯдак ба таври ройгон амалиёти хатна кардаанд.

Соли 2020 бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 694 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шудааст. Ин ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанду давоми сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 848 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар моддаи 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *