100 сония: Намуди бритониёии вирус кӯдаконро низ сироят мекунад

ТАСС: Сомонаи YouTube ба қароре омад, ки аккаунти Доналд Трампро ҳадди ақал муддати як ҳафта маҳкам намояд. Дар ин бора намояндаи расмии ин сомона ба шабакаи телевизионии CNN иттилоъ додааст. Қаблан Twitter ва Facebook эълон дошта буданд, ки ба мӯҳлати номуайян саҳифаи Доналд Трампро маҳкам кардаанд. Худи Трамп дар посух ба ин амали роҳбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иброз доштааст, ки ин «ҳамлаи бераҳмона ба озодии сухан» мебошад.

Корреспондент.net: Коршиносон ба он назаранд, ки намуди британии коронавирус ба кӯдакони то як сола низ сироят мекунад. Аксари кӯдаконе, ки ба ин вирус сироят меёбанд, беиштиҳо ва дамдузд гардида, мондагӣ   дар онҳо дида мешавад. Ҳамчунин, нишонаи дигари гирифтори ба ин намуди коронавирус ѓашкунӣ ва гиряи зиёди кудакон мебошад.  Дар қисмати шиками кӯдакон пайдо шудани дард аз нишонаи асосии ба коронавируси нав мубтало гардидани онҳо мебошад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки волидон ба ин аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.

ТАСС: Дар давлати Испания ҳаво то 25 дараҷаи сардӣ расидааст. Тӯфони “Филомен” боис ба он гардид, ки дар Испания ҳаво ба таври рекордӣ то 25 дараҷа сард шавад. Аз 50 музофоти ин кишвар дар 41 тояш ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа боло хунук швад.

Корреспондент: Муддати 70 соли охир аввалин маротиба дар ИМА ҳукми қатл барои зани гунаҳкоргардида ба иҷро расонида шуд. Тибқи иттилои рӯзномаи New York Times қурбонии адолати судӣ Лиза Монтгомер гардид, ки ӯ дар соли 2004 барои кӯштори як зани ҳомила гунаҳкор карда шуда буд.

Қаблан мехостанд рӯзи 8 декабр ҳукм ба иҷро расонида шавад, аммо бинобар сабаби бемории рӯҳӣ доштани зан иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуд. Адвокати ин хонуми гумонбар гуфтааст, ки дар иҷрои ҳукм қонун поймол шудааст, зеро зерҳимояи ӯ таҳти таъсири бемории рӯҳӣ қарор дошт.

ТАСС: Дар давлати Испания ҳаво то 25 дараҷаи сардӣ расидааст. Тӯфони “Филомен” боис ба он гардид, ки дар Испания ҳаво ба таври рекордӣ то 25 дараҷа сард шавад. Аз 50 музофоти ин кишвар дар 41 тояш ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа боло хунук швад.

Холиқзода М.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *