Об яке аз сарвати бебаҳои табиат буда, ҳаёт аз он сарчашма мегирад. Об дар таркиби ҳайвонот аз 60 то 90%, дар растаниҳо аз 75 то 65% ва дар сабзавот, аз ҷумла бодиринг, помидор, карам, шалғам ва сабзӣ 90% об мавҷуд аст. Гузашта аз ин об барои ба таҳрик даровардани иқтисодиёт нақши бориз дорад.
Аз ин рӯ, оқилона ва самаранок истифода бурдани об дар кишвар на танҳо мушкилоти асосии соҳаи кишоварзист, балки он проблемаи асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Соҳаи кишоварзӣ соҳаест, ки ҳамасола 90 дар сади истифодаи оби умумии иқтисодиёт дар он сарф мешавад. Яъне, истифодаи оқилонаи об дар соҳаи кишоварзӣ ба рушди дигар соҳаҳо мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҳол коршиносон истифодаи дурусти обро дар соҳаи кишоварзӣ боиси самаранокии ҳосил арзёбӣ кардаанд. Чӣ бояд кард, то аз захираҳои умумии оби кишвар дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода шавад?
Шавкат Пулодов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегӯяд, ки «айни замон дар иқтисодиёти кишвар дар ҳудуди аз 11 то 12 километри кубӣ об масраф мегардад, ки тахминан 9 километри кубии он ба соҳаи кишоварзӣ рабт дорад. Аз ин рӯ ба хотири самаранок истифода бурдани захираҳои обии кишвар моро мебояд, ки аз технологияҳои нави истифодабарии об-обёрии қатрагӣ ва обпошӣ истифода барем».
Вокеан ҳам таҷрибаҳо нишон доданд, ки усули истифодаи обёрии қатрагӣ дар кишвар ба манфиат аст. Ба ақидаи ҳамсухбати мо устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Шавкат Пӯлодов «имрӯзҳо чун дар пайи тағирёбии иқлим норасоии об зиёд ба чашм мер сад, истифодабарии техналогияи ҳозиразамони обёрӣ ба манфиат аст».
Бартарияти дигари системаи обёрии қатрагиро Шавкат Пулодов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар истифодаи ками нерӯйи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ мебинад. У мегуяд, ки «имрӯзҳо тахминан 280 ҳазор гектар замини кишоварзӣ тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад, ки ин аз кишоварз хароҷоти зиёдро талаб мекунад» .
Таҷрибаҳо собит кардаанд, ки гузариш ба системаи обёрии ҳозиразамон аз чанд паҳлу ба кишоварз нафъ дорад. Шавкат Пулодов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур боварӣ дорад, ки дар ҳолати ба обёрии қатрагӣ ва ё обпошӣ гузаштан, дар баробари истифодаи самараноки нуриҳо эрозияи ирегатсионӣ низ пешгирӣ мешавад.
Вокеан ҳам обёрии қатрагӣ яке аз усулҳои самараноки сарфаи об ва рӯёнидани ҳосили хуб дар замони муосир мебошад. Ҳамсухбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Курбоналӣ Партоев низ мутмаъин аст, ки вақте кишоварз аз обёрии қатрагӣ истифода мебарад, обро чанд баробар сарфа менамояд. Афзалияти дигари ин амал дар он зоҳир мегардад, ки вақт низ сарфа мегардад. Муҳимтар аз ҳама ин усул қабати ҳосилхези заминро намешӯяд.
Гузаштан ба обёрии қатравӣ талаботи айём аст, зеро иқлими сайёра сол аз сол тағйир ёфта, камобӣ мушоҳида мешавад. Обёрии қатрагӣ бештар дар кишварҳое, ки иқлими хушк доранд, ба монанди Австралия, Исроил, Мисри Араб ва кишварҳои аз лиҳози кишоварзӣ муваффақ Зеландияи нав, Австрия, Франсия, Германия ва ғайра паҳн гаштааст. Агар ба омор рӯ оварем. Дар кишвари Исроил барои обёрии 1 гектар замин аз 4 то ба 6 ҳазор метрии кубӣ об истифода мешавад. Дар кишвари мо солҳои қаблӣ барои обёрии 1 гектар пахтазор наздики 14 хазор метрии кубӣ об истифода мебурданд. Яъне кишоварзони мо тахминан 3 маротиба бештар обро истифода мебаранду ҳосили кам ба даст меоварданд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз таҷриба исбот кардааст, ки бо ин усул метавон ҳосилнокии заминро дучанд намуд. Чун Тоҷикистон кишвари аграрист, соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии кишвар нақши калидиро мебозад, моро месазад, ки ба хотири рушди соҳаву истифодаи самарноки захираҳои обии кишвар аз усулҳои модерн истифода намоем.
Муродулло Раҳимов,
радиои «Тоҷикистон»