Беш аз 2 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд

Дар соли сипаришуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 тоннаву 425 кг маводи нашъаовар мусодира намудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 48% зиёд мебошад.

Тавре дар ҳисоботи директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода омадааст, дар соли сипаришуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 т 425 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла аз тарафи АНМН 183 кг, ВКД  1 т 117 кг, КДАМ 1 т 97 кг, ХГ 22 кг ва АНДМ ва МК 5 кг мусодира намудаанд, ки нисбат ба соли 2019 48 фоиз ё ин, ки 788 кг зиёд мебошад.

Аз ҷониби Агентӣ дар соли 2020 144 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар, ки нисбат ба як сол қабл 13 ҷиноят зиёд мебошад ва 364 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз соли 2019 8 ҳодиса зиёд аст, ошкор гардидааст .

Ба иттилои сомонаи Агентӣ дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ 183 кг маводи нашъаовар – 19 кг героин, 95 кг афюн, 40 кг ҳашиш,  15 кг бангдона ва 15 кг моддаҳои психотропию сахттаъсир, дар намуди хока ва  ҳабҳои синтетикӣ (2195 адад) мусодира кардаанд. Дар ин давра, аз ҷониби кормандони Агентӣ 7 (2019-11) нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *