Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то ба синни шонздаҳ нарасида маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.
Ин тағйироти нав имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон қабул гардид ва вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ ба 9 моддаи Кодекси амалкунанда тағйирот пешниҳод гардида, инчунин 2 боби нав илова карда шудааст, ки он фарогирӣ 11 моддаи нав мебошанд.
Тавре дар сомонаи Маҷлиси намояндагон омадааст, дар асоси лоиҳаи мазкур ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 201 илова карда мешавад, ки он масъалаҳоро вобаста ба оилаи (мураббии) парастор, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдак ба оилаи (мураббии) парастор, падару модари (мураббии) парастор, кӯдаконе, ки нисбати онҳо оилаи (мураббии) парастор таъин карданд ва таъминоти кӯдакони ба оилаи (мураббии) парастор додашударо фаро мегирад.
Ҳамчунин, ба лоиҳа боби 202 бо номи оилаи меҳмондорӣ илова карда шудааст, ки он асосҳо барои додани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори падару модар мондаро ба оилаи меҳмондорӣ, тартиби додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ ва масъулияти шахсоне, ки кӯдаконро ба оилаи меҳмондорӣ қабул менамоянд, танзим менамояд.