Садамаи маргбор
6 январи соли 2021 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Бобоев Хушбахт ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Чакман» таҳти идораи ронанда Асроров бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ва мусофираш Ғафуров Мирзомурод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар шарҳи ин хабар ВКД ҳамчунин хабар медиҳад, ки 3 мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-Бенс» ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Дуздии 5 – сар чорво
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани як қатор ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи ҳодисаи мазкур ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи шикоятӣ ворид шуда буд, ки 26 ноябри соли 2020 шахсони номаълум аз заминҳои деҳаи Роҳи-Нав, хоҷагии деҳқонии ба номи С.Ҷумъаев, 5-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба сокинони ноҳия 43 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.