Паёми “Тоҷикистон”: Ҳавои камабр, вале то -360 хунук

Имрӯз 8 январи соли 2021, рӯзи ҷумъа мебошад.

Обу ҳаво

8 январ дар шаҳри Бохтар  ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал омада, дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2°, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 7-12 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ шабона 13-15° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 23-28 хунук, дар баъзе ноҳияҳо 31-36 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 12-17 хунук мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо камабр, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ шабона ва саҳаргоҳон ҳавои шаҳри Душанберо абрнок гуфтааст. Баъзан ҳолатҳо боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона ҳавои камабри бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона -1+1° мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал омада, дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.8764 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1515 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

8 январи соли 1861 дар Империяи Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Вокруг света» («Дар гирди ҷаҳон») нашр шуд;

Соли 1912 бошад, дар ҳамин рӯз Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд;

Ҳамин рӯзи соли 2010 дар пойтахти Салвадор, қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд;

8 январи соли 2018 Лигаи футболи  Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии  худро бо суроғаи www.tfl.tj  ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд;

Дар ҳамин рӯзи соли 2020 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Палатаи клирингии нақлиёт оид ба эътибори маркази таълимӣ шаҳодатнома ба даст овард. Он ваколати марказро барои гузаронидани омодагии кормандони иштироккунандаи Системаи ҳисоббаробаркунӣ тасдиқ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *