Бино ба дурнамои Бонки ҷаҳонӣ, афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2021 3,5 ва дар соли 2022 — 5,5%-ро ташкил хоҳад дод.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ – «Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ: Аврупо ва Осиёи Марказӣ» афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар Осиёи Марказӣ барои солҳои оянда пешгӯӣ кардаанд, ки тибқи он афзоиши ММД дар Қазоқистон мутаносибан ба 2,5% ва 3,5%, дар Қирғизистон — 3,8% ва 4,5%, дар Ӯзбекистон — 4,3% ва 4,5% баробар аст. Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ ин гуна нишондодҳоро дар Тоҷикистон дар соли 2021 3,5 ва дар соли 2022 — 5,5% тахмин задааст.
Аз рӯйи маълумоти ин ниҳод афзоиши иқтисодии минтақа дар соли 2021 муътадил хоҳад буд. Дар идома гузориши «Ховар» омадааст, ки то охири моҳи июни соли 2021 — Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон барои ҳимояи камбизоатон ва қишри осебпазир, дастгирии соҳибкорон ва суръат бахшидан ба барқарорсозии иқтисодиёт то 160 миллиард доллари ИМА кумаки молиявӣ мерасонад. Ин маблағ аз ҳисоби манбаъҳои нави Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 50 миллиард доллари ИМА дар шакли грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок ва 12 миллиард доллари ИМА, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои маблағгузорӣ ҷиҳати харид ва тақсими ваксинаҳои зидди COVID-19 ҷудо карда мешавад, иборат аст.