Мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавсими 20219-22 март дар шаҳри Гулистон доир хоҳад шуд.
Ба иттилои ФФТ, бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони мамлакат – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб 1-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба нақша гирифта шуда, мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 бо иштироки 10 дастаи лигаи олӣ ба ифтихори 30-солгаии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9-22 март дар шаҳри Гулистон доир хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки дар Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ дар як ҷаласаи худ, ҳамчунин формати 30-юм Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро муайян намуд. Бо пешниҳоди кумитаи мазкур, чемпионати ҷашнӣ бо иштироки 10 даста дар се марҳила баргузор мешавад. Санаи тахминии оғози чемпионат 3-юми апрел эълон гардид.
Манбаъ ишора мекунад, ки дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки номгузории мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон тағйир дода шавад. Лигаи олӣ ва лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими нав номгузории нав хоҳанд дошт, ки баъдтар эълон мешавад.
Тибҷи пешниҳодоти ҷаласа бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд, ки охирин маротиба финали Ҷоми Тоҷикистон соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, доир карда шавад.
Ба таъкиди сомонаи расмии ФФТ, ҳамаи қарорҳои Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ ва тасдиқ карда шаванд.