РИА Новости: Кормандони ҳифзи тартибот бинои Капитол, Конгресси ИМА-ро, ки дирӯз тазоҳургарон – тарафдорони Доналд Трамп зуран вориди он шуда буданд, озод намуданд.
Дирӯз бинобар сабаби ба бинои Капитоли ворид шудани тазоҳургарон ҷаласаи якҷояи вакилон барои баррасӣ ва қабул намудани натиҷаҳои интихоботи презтидентии моҳи ноябр барҳам зада шуд. Дар натиҷаи бетартибиҳо 4 тан ба ҳалокат расида, 52 тани дигар боздошт шудаанд, ки аксари онҳо дар даст силоҳи ғайриқонунӣ доштаанд.
Ба иттилои ТАСС бошад, ноиби президенти ИМА Майк Пенс дар саҳифаи худ дар Twitter навиштааст, ки ҳама тазоҳургароне, ки ба бинои Конгресс зада даромаданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
ТАСС: 36 намуди растанӣ ва ҳайвон дар соли 2020 аз сайёра нест шудаанд. Иттифоқи байналмиллалии ҳифзи табиат эълон доштааст, ки ин миқдор растанӣ ва ҳайвонот, ки муддати даҳ соли охир камёб будаанд, дар соли 2020 нест шудаанд.
Корреспондент: Дар Британияи Кабир шабонарӯзи охир шумори рекордии сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 62 300 ҳодисаи гирифторшавӣ рух додааст. Ҳамзамон аз моҳи апрели соли гузашта то инҷониб аввалин маротиба дар ин кишвар дар як шабонарӯз беш аз ҳазор, аниқтараш 1 041 тан аз ин беморӣ фавтидаанд. Ёдовар мешавем, ки се рӯз инҷониб дар ин кишвар антирекорд дар масъалаи сироятёбӣ ва фавт аз коронавирус ба қайд гирифта мешавад.
Корреспондент: Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш пешниҳод доштааст, ки Камбизоатӣ, муддати 22 соли охир, дар соли 2020 бештар афзоиш ёфт. Ба қавли ӯ сабаби асосии ин коҳиши рушди иқтисодиёти кишварҳо дар пасманзари пандемияи коронавирус ва доман паҳн кардани бесобиқаи ин беморӣ дар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Бинобар коҳиш ёфтани иқтисоди кившарҳо камбизоатӣ ва гуруснагӣ 18 то 27 млн сокини сайёраро таҳдид мекунад.
ТАСС: Ҳукуматдорони Ҷопон дар минтақаи марказии пойтахт – Токиои Бузург, ки 37,2 млн аҳолӣ дошта, ба он префектураҳои Токио, Канагава ва Тиба дохил мешавад, бинобар хурӯҷи бесобиқаи коронавирус, реҷаи ҳолати фавқулода ҷорӣ намудаанд. Қаблан сарвазири ин кишвар Ёсихидэ Суга эълон дошта буд, ки ҳукумат намунаҳои гуногуни ҷорӣ намудани ҳолати фавқулодаро бинобар хурӯҷи коронавирус андешида истодаанд. Дирӯз, чоршанбе 6-уми январ аввалин маротиба дар ин кишвар 6001 ҳодисаи гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Холиқзода М.