Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” оғоз гардида, то 9 январ идома мекунад.
Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ин озмун хабар дода, қайд намудааст, ки Озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” қаблан дар се давр- дохилимуассисавӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ, минтақавӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) доир гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Тибқи Низомномаи озмун довталабон дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 6 номинатсия: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбї, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки тавре дар сомонаи Радиои “Тоҷикистон” хабар дода будем, дар даври шаҳрии ин озмун дар шаҳри Душанбе омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиб омад.
Гуфта мешавад, ки 9 январ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ ва мукофотонидани ғолибони озмун доир мегардад.