Имрӯз панҷшанбе, 7 январи соли 2021 аст.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки дар шаҳри Бохтар ҳавои абрнок, баъзан ҳолатҳо боришоти сусти барф ба амал омада, шабона 4-6° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 7-12 хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 4-6° хунук мешавад. Дар ВМКБ – Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 3-8° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 32-37 хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 41-43 хунук), рӯзона ҳарорати ҳаво 16-21 хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 24-26 хунук) мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд шабона абрнок, рӯзона тағйирёбанда шуда, шабона 4-6° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона 3-8° хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти барф борида, тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Дар НТҶ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 хунук, рӯзона 2-7 хунук мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.9013 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1522 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
7 январи соли 1927 аввалин маротиба дар ҷаҳон алоқаи телефонии фароатлантӣ ба роҳ монда шуда, Ню-Йоркро бо Лондон пайваст;
Дар ин рӯзи соли 1956 Индонезия дар бораи баромадани худ аз ҳайати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод;
7 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Тавре аз сомонаи ВКХ омадааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад. Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд;
Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол рейтинги дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Точикистон чун дар раддабандии моҳи декабри соли 2015 мақоми худро нигоҳ дошта, бо ба даст овардани 196 хол зинаи 148-умро касб намуд;
7 январ дар Камбоҷа – Рӯзи ғалаба бар генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва дар Либерия – Рӯзи пешравон қайд карда мешавад.