Корреспондент.net: То субҳи 5 январ дар ҷаҳон шумори сироятёфтагони коронавируси COVID-19 ба 86 118 403 нафар расид. То имрӯз аз ин беморӣ 61 076 162 шифо ёфтаву 1 860 834 тани дигар фавтидаанд. ИМА миёни кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи шумори сироятёфтагон дар мақоми аввал меистад. Дар ин кишвар шумори сироятёфтагон ба 21 353 051тан мерасад, ки аз ин ҳисоб 12 736 512 нафар шифо ёфтаву 362 123 каси дигар фавтидаанд.
Дар рӯйхати панҷгонаи кишварҳое, ки шумори сироятёфтагони зиёд доранд бар иловаи ИМА, ҳамчунин давлатҳои Ҳиндустон (10357569), Бразилия (7754560), Россия (3260138) ва Британияи Кабир (2713563) шомиланд.
РИА Новости: Ҳукуматдорони Ҳиндустон ба хотири пешгирӣ аз доман паҳн кардани бемории зукоми мурѓ чораҳо меандешанд. Дар кӯли Понг-Дам воқеъ дар иёлати шимолии Химачал-Прадеши ин кишвар кариб 1700 парранда аз ин беморӣ фавтидаанд. Ҳукуматдорон тамоми роҳҳоро ба ҷониби ин кӯл баставу роҳи сайёҳонро низ ба тамоми ноҳия маҳкам кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамчунин муваққатан фурӯши гушти мурѓ ва моҳидорӣ дар ин минтақа манъ карда шудааст.
Korrespondent.net: Яке аз сарватмандтарин сокини сайёра гум шудааст. Муассиси яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷорӣ – Alibaba, шаҳрванди давлати Чин Ҷек Ма беш аз ду моҳ мешавад, ки дар мазҳари ом пайдо намешавад. Ин миллиардер пас аз он ки дар яке аз баромадҳояш дар Шанхай бонки давлатии Чинро танқид намуд, дигар дар ягон чорабинӣ пайдо нагардид.
Холиқзода М.