Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамасола сарфи назар аз он ки ҳарорати ҳаво дар зимистон гарм ё сард аст, кишоварзон ба яхобмонӣ машғул мешаванд.
Бино ба назари коршиносон яхобмонӣ яке аз омили муҳим ва асоси серҳосилии замин буда, ҳангоми пиёдасозии ин амал ҳосил босифату фаровон ва муҳимтар аз ҳама беморию ҳашароти зараррасон нест мегардад.
Абдуғаффор Акрамов коршиноси соҳа аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин чорабинии мелиоратсионӣ ҳамон вақт манфиатовар аст, ки агар технологияи коркарди он риоя шавад.
Яхобмонӣ дар баробари коҳиш додани касалиҳои зараровари растанӣ ва аз байн бурдани ҳашароти зараррасон ҳамзамон захираи обии заминҳои киштро бесобиқа таъмин менамояд.
Дар гузашта марди соҳибназари деҳқон ба хотири таъмини намии хок дар баробари яхобмонӣ аз обмонии захиравӣ низ истифода мекард, ки ҳарду ба манфиат буд.
Ин ҷо суоле матраҳ мегардад, ки яхобмонӣ аз обмонии захиравӣ чӣ фарқ дорад? Ҳамсуҳбати мо Абдуғаффор Акрамов коршиноси соҳа аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегуяд, ки “яхобмонӣ аз дигар намуди обмонии замин-обмонии захиравӣ комилан фарқ мекунанд. Мақсади обмонии захиравӣ захира намудани нам дар қабати хок аст. Агар ин чорабиниҳои мелиоратсионӣ саривақт анҷом бигирад, ҳосилнокии хок низ 10-15 дарсад меафзояд”.
Воқеан ҳам дар фасли зимистон яхоб мондани замини нармкардашуда ва боғҳо манфиати зиёд дорад. Қабл аз ҳама шурии хок кам шуда, замин хубтар нам мекашад, Гузашта аз ин тавассути яхобмонӣ ҳашарот, касалӣ ва хояндаҳо дар қисмати решаи дарахтон нест ва нашъунамои дарахтон 15 – 20 рӯз боздошта мешавад. Яъне марди заҳматқарин бо сари вақт ва босифат гузарондани яхобмонӣ, метавонад аз боғу токзорҳои парваришкарда ҳосили хуб ва маҳсулоти ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ истеҳсол намоянду сабади истеъмолии шаҳрвандонро мувофиқи меъёри физиологӣ таъмин созанд.
Муродулло Раҳимов,
радиои «Тоҷикистон»