Фейк: Нархи шиносномаҳо қиммат нашудааст

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари қиммат шудани нархи шиносномаҳои хориҷиро беасос хонд.

Тавре вазорат хабар медиҳад, шурӯъ аз 1 январи соли равон танҳо боҷи давлатӣ аз 87 сомонӣ ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Нархи шиносномаи хориҷӣ 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бе тағйир мондааст. Тамдид ё дароз кардани муҳлати шиносномаи хориҷии Тоҷикистон низ имкон надорад, зеро он биометрӣ буда, як муҳлати муайян эътибор хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки чанде пеш баланд шудани нархи шиносномаҳои хориҷӣ дар кишвар расонаӣ шу два гуфта мешуд, ки хадамоти судури шиносномаи хориҷӣ дар баробари дигар пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла маблағи гирифтан ва тамдид кардани шиносномаи хориҷиро аз аввали соли равон афзудааст.

Аммо ин ҳамаро маркази матбуотии ин ниҳод рад карда, мегӯяд,ки шиносномаи биометрии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид намегардад. Маълумот дар он ба таври электронӣ дода мешавад ва тағйир додани он фақат дар сурати аз нав кардани шиноснома имкон дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *