Ҳакимхон Ҳакимов ва Ҳакимҷон Раҳимовро барои корҳои коррупсионӣ дастгир карданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник-заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин 206 150 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намудаанд.
Ҳамин тавр, нисбат ба Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович ва Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович бо моддаи 247, қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.