Тоҷикистон бидуни гирифторони нави COVID-19

Давоми як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар»  гуфтааст, ки дар маҷмӯъ то 4 январ дар кишвар 13300 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13018 нафар ё 97,8% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Ҳамзамон, 192 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Қаблан, 31 декабр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ва Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дар як паёми катбӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки 30 декабри соли равон охирин гирифторони бемории COVID-19 аз шифохонаҳои кишвар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ба иттилои “Спутник” вазир дар паёмаш қайд кардааст, ки ин ҳолат маънои онро надорад, ки бемории коронавируси нави COVID-19 аз кишварамон пурра аз байн рафтааст ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки чораҳои пешгирикунанда, аз қабили пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастонро риоя намуда, худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ бидоранд, зеро, то ҳол дар баъзе аз нуқоти ҷаҳон ин беморӣ бедодгарӣ менамояд ва эҳтимоли паҳншавии мавҷи дуюми он аз байн нарафтааст.

“Албатта, он рӯз дур нест, ки мо ба ин беморӣ ғолиб меоем ва бидуни ниқоби тиббӣ бо ҳам озодона суҳбат мекунем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ бармегардем. Барои расидан ба ин марҳилаи хушҳолкунанда моро лозим аст, ки ба саҳлангорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоем”, – гуфтааст Ҷамолиддин Абдуллозода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *