Имрӯз 5 январи соли 2021, сешанбе аст.
Обу ҳаво
5 январи соли 2021 дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш буда, туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 6-11 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғро тағйирёбандаи бебориш гуфтааст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7-12 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 28-33 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 36-41 хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 46-48 хунук), рӯзона ҳарорати ҳаво 14-19° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 23-25 хунук) мешавад.
Ба иттилои коршиносони соҳа дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Ҳамин тавр, 5 январ ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ғйирёбандаи бебориш, туман шуда, шабона 6-8° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар НТҶ бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 хунук мешавад.
Қурби асъор
5 январ бар асоси муқаррароти Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.9080 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1530 сомонбаробар аст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
5 январи соли ҷорӣ парвозҳои ҳавоии чартерӣ миёни Тошкент – Душанбе оғоз шуда, ин парвозҳо доимӣ нестанд;
Дар ин рӯзи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд;
5 январи соли 2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд;
Ҳамин рӯзи соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт соҳиби шаҳодатнома барои ихтирои мошини буғӣ гардид;
5 январ дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон ва дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ қайд карда мешавад.