Аз Тоҷикистон кӣ ба World Masters роҳхат гирифт?

Аз 11 то 13 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад, ки дар он бар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо 36 нафари беҳтарин иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа кишвари моро Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки шаҳри Доҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи “World Masters” мегардад ва  дар ин мусобиқа 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлат иштирок хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *