Давоми соли 2021 сафари ҳайати сармоягузорони Фаронса ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ дар назар аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ба мувофиқа расиданд.
Гуфта мешавад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ибрози назар намуда, ба мувофиқа расиданд, ки давоми соли ҷорӣ сафари ҳайати сармоягузорони Фаронса ба Тоҷикистон ва ташкили Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар Париж сурат бигириад.
Дар хабари Кумита гуфта мешавад, ки Саъдӣ Қодирзода зимни мулоқот, ҳамчунин роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот дод.