Пардохти маблағи барқ – нишонаи фарҳанги баланд

Бо мақсади таъминоти беҳтари аҳолӣ бо қувваи барқ ва истифодаи ҳамаҷонибаи асбобу анҷом ва таҷҳизоти сарфакунандаи неруи барқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 ҷиҳати ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан, ба тавсиб расидааст. Ин фармон бояд аз тарафи сокинони кишвар барои беҳ гаштани зиндагӣ амалӣ карда шавад, зеро оқилона истифода бурдани барқ дар хонадон ин рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди кишвар буда, ҳамчунин ба буҷаи оила даромади муфид меорад.

Ҷалолиддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи  миллии Тоҷикстон мегӯяд, ки ин тадбири ҳукумати кишвар барои беҳдошти зиндагии мо равона шудааст ва бояд мо неруи барқро оқилонаю сариштакорона истифода намоем, то дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин бошем.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, истифодаи лампаҳои каммасраф сарфаи неруи барқро то панҷ маротиба кам мекунад. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ бошад, беш аз нуҳ сол аст, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои камхарҷ дар мамлакат ҷорӣ гардидааст.  Вале баъзе аз қишри ҷомеъа то ҳанӯз аз лампаҳои тафсон истифода мебаранд. Корманди хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Муҳаммад Одинаев бар ин назар аст, ки имрӯз барои мардуми мо фарҳанги дуруст истифода бурдани неруи барқ ва доштани маърифати сарфакорӣ бениҳоят зарур мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд ҳангоми истифодаи неруи барқ  зарари буҷаи оила ва давлатро дарк намояд.

Нигорахон Ғаффорзода – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ки занон дар сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ саҳми калон доранд. Зеро корҳои рӯзгордорӣ ба дӯши онҳост. Ғайр аз ин, мебояд фарҳанги истифодаи неруи барқро натанҳо дар хона, балки дар мактабу донишгоҳҳо, вазорату корхонаҳо бо масъулин ва омӯзгорон омӯзонид.

Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, аз ҳар яки мо муносибати ҷиддиро талаб мекунад.  

Гулрӯ Ниёзова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *