Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2021-ум мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони Тоҷикистону Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.
Махсусан таъкид гардид, ки алорағми ҳамаи мушколите, ки соли ҷорӣ бар асари пандемияи КОВИД-19 сар задаанд, ҷонибҳо тавонистанд рушди мусбати шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро нигоҳ доранд.
Ҳамин аст, ки имрӯз ҳам Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо саъю талоши муштарак ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар минбаъд ҳам дар ҳамаи арсаҳо идома хоҳанд ёфт.