Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, тақдим шуд.
Ин 200 зарфи оксигени тиббиро иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар маросими расмӣ супорид.
«Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем», – навиштааст “Ховар” бо иқтибос аз суханони сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм.
Бояд гуфт, оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.