15 варзишгар аз дастгирии молиявӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бархурдоранд. Дар ин бора, дар ҷаласаи 19-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гузориш доданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли 2019 гирандагони кӯмакпулии олимпӣ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 27 медал – 11 тилло, 7 нуқра, 9 биринҷӣ ба даст оварданд. Соли 2020 бошад, ду нафар гирандаи дастгирии молиявии олимпӣ – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс дар мусобиқаи интихобӣ дар шаҳри Аммони Урдун роҳхати Бозиҳои олимпиро сазовор шуданд.
Дар доираи Барномаи қитъавии дастгирии молиявии варзишгарон соли 2019 12 варзишгар аз рӯи 6 намуди варзиш ба 12 мусобиқаи байналмилалии литсензионӣ сафарбар гардиданд. Соли 2020 бошад, 3 варзишгар аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ба Чемпионати Осиё сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа Муҳаммад Икромов дар вазни 61кг медали нуқра ва Искандари Рустам дар вазни 97кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, барои дастаҳои мунтахаби ҷудо ва таеквондо ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ гузаронида шуда, таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ харидорӣ ва ба федератсияҳои варзишӣ тақсим карда шуд.
Тавре дар сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон омадааст, дар ҷаласа қайд намуданд, ки дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022, ки аз моҳи ноябри соли 2019 шуруъ гардид, то моҳи феврали соли 2022 ду варзишгар аз намуди лижаронӣ Сайфиддини Низомиддин ва Ғоибов Баҳриддин ҳар моҳ 1500-долларӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд, ки барои иштирок дар мусобиқаҳо ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, тамрин ва хизматрасонии тиббӣ (формакология) пешбинӣ шудааст.