Ҷойгоҳи Камол дар рушди ғазалсароӣ ва афкори ирфонӣ

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба муносибати ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Бозшинохти мероси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ” ба тариқи маҷозӣ баргузор намуданд.

Дар конфронс таъкид гардид, ки бо ибтикори хушоянди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 1996 ҷашни 675 – солагӣ ва дар соли 2020 ҷашни 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба таври густарда таҷлил гардиданд ва дар тарғиби осори мондагори шайх Камол ва ба кор гирифтани омӯзаҳои мероси ӯ дар тарбияи маънавиву ахлоқии насли имрӯз нақши муҳим бар уҳда доштанд.

Ҳамчунин, суханронон Камолро ҳалқаи васли бисёре аз кишварҳои узви ЭКО унвон намуда, ҷойгоҳи ӯро дар ғазалсароии Шарқ сутуданд ва бар омӯзиши ҳарчи бештари афкору андешаҳои ӯ чун мазҳари арзишҳои асили умумибашарӣ таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 700 – солагии Камоли Хучандӣ Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон китобҳои «Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ» ва  «Чиҳил дарси Камол» – ро ба хатти форсӣ чоп намуда, албоми сурудҳои овозхонҳои тоҷик бар ашъори Камолро  мунташир кард. Фузун бар ин, намоишгоҳи маҷозии осори  хушнависӣ ва наққошӣ таҳти унвони «Булбули чаманҳои Хуҷанд» дар маърази диди мухотабон қарор гирифт. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *