Имрӯз чоршанбе, 365-умин рӯзи соли 2020 – 30 декабр аст.
Обу ҳаво
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Бохтар камабри бебориш буда, шабона 4-6° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Кӯлоб шабона 5-7° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 5-10 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ шабона 17-19° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Дар Мурғоб бошад, шабона 29-31° хунук, рӯзона 14-16° хунук мешавад. Гуфта мешавад, ки имрӯз ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 10-15 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 27-32 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 35-40 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 хунук мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 4-9° хунук мешавад.
Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш гуфта мешавад ва ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои НТҶ шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 хунук, рӯзона -4+1, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 хунук мешавад.
Қурби асъор
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ чунин аст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.8493 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.
Тақвими рӯз
- 30 декабри соли 2013 дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат қарори дахлдор вобаста ба таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма ба тасвиб расид. Маврид ба ёдоварист, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 марти соли 2012 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ба масъалаи мазкур дахл карда, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки лоиҳаи санади дахлдорро таҳия карда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Ҳамин тавар, 1 марти 2016 бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” ба истифода дода шуд;
- Дар ин рӯзи соли 2008 ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» дар натиҷаи як назарсанҷӣ миёни роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон эълон кард, ки сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад;
- 30 декабри соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардид;
- Ҳизби коммунистии Германия 30 декабри соли 1918 таъсис ёфтааст;
- Дар ҳамин рӯзи соли 1953 дар ИМА аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.