Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ният дорад, то дар кишвар озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис бидиҳад.
Ба андешаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст, ки баробари кушода шудани роҳҳо курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.
Роҳбари академия ҳамчунин ба «Ховар» гуфтааст, ки аввалан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо таъсис дода шаванд. Барои таъсиси озмоишгоҳ бошад, ба иттилои манбаъ, имконияти молиявӣ мавҷуд мебошад.