Соли 2020 дар шаҳри Душанбе шумораи сироятёфтагони ВНМО нисбат ба соли гузашта кам шуда, ин рақам ба 181 нафар (112 мард ва 69 зан) баробар аст, ки аз шумораи гирифторон дар соли 2019 61 нафар кам аст.
Тавре дар ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» омадааст, масъалаҳои дарёфт ва пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз масъалаҳои муҳими солимгардонии аҳолии пойтахт арзёбӣ мешавад.
Дар ин ҳисоботи комил аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд ва давоми сол 74,2 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 24,5 ҳазор нафар ё 33,1 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
