Дар масири Душанбе-Дубай ва Душанбе-Истанбул ҳар ҳафта 4 парвозӣ сурат мегирад.
Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ховар» гуфтааст, ки дар самти Душанбе-Дубай, ду парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб «Fly Dubai» анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон, аз чор парвоз дар масири Душанбе-Истанбул, ду парвоз аз сӯи ширкати «Сомон Эйр» ва ду парвози дигар аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия «Turkish Airlines» сурат мегирад.
Дар саволи он ки ба дигар самтҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Россия кай парвоз барқарор мешавад, гуфтааст, ки мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи авиатсионии кишварҳои зикршуда, бо мақсади барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунидҳоро идома дода, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ба мувофиқа расанд.
Хотирасон мешавем, ки алҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия аз ҷониби ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар як рӯз чор — панҷ парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд.