Соли 2020 дар ҳудуди вилояти Хатлон 3 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят зарарҳо расидааст.
Дар ин бора, дар ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда Раиси Комиссия, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳисобот дода илова намуд, ки тибқи протоколҳои маҷлиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ба маблағи умумии 8 миллиону 218 ҳазору 175 сомонӣ зарар расидааст. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳамасола ба ҳодисаҳои офати табиӣ дучор мешавад. Омадани селу ярч тарма, заминларза аз ҳодисаҳое ҳастанд, ки рух доданашон бо тағйир ёфтани иқлим аз эҳтимол дур нест. Дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзеъҳои осебпазир, хусусан ноҳияи Хуросон назаррас арзёбӣ гардид.
Бино ба иттилои Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хаитлон, муовини раиси Комиссияи вилоятӣ Сулаймон Исозода дар вилоят 401 мавзеи хавфнок мавҷуд аст, ки эҳтимоли рух додани офатро дорад. Дар ҳама мавсим барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани сокинон ба мавзеъҳои бехавф ҷараён дорад.