Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Комиссия дар давоми соли 2020 ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2021баррасӣ гашт.
Ббар асоси иттилоияи ВКХ таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.