Дар асоси Созишномае, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имзо шудааст, дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мактабҳои нав, ки таҳсилашон ба забони русӣ аст, бунёд мегардад.
Ин нукта дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия, ки дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба таълиму тадриси толибилмон машғуланд, гуфта шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ба омӯзгорони рус маълумот дода, қайд намуд, ки вилояти Суғд дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, аз ҷумла Нижегород, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Алтай, Доғистон ҳамкориҳои самаранок дорад. Ҷонибҳо аз имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму маориф барои таҳқими ҳамкориҳо аз тамоми имониятҳо истифода менамоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм 14 нафар омӯзгорони рус дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят аз фанҳои забон ва адабиёти рус, биология, кимё, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, география ба хонандагон дарс мегӯянд.