Дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар вилояти Хатлон 1028,44 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 29,94 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҳисобот дод. Дар идома Ҳакимзода афзудааст, ки нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак – 1843,74 сомонӣ, Данғара – 1433,37 сомонӣ, Ховалинг – 1344,17 сомонӣ, Бохтар – 1267,49 сомонӣ ва Темурмалик – 1102,05 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ба иттилои манба омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин омадааст, ки мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 342 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2663 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 4276 нафар корҷӯёнва бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1879 нафар ба касбомӯзӣ ва 374 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.