27 декабри соли 2020 бори аввал Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия таҷлил карда шуд.
Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар паёми худ ба муносибати Рӯзи нави байналмилалӣ гуфт, ки Аввалин таҷлили Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия ба охири сол рост омад, ки тайи он сенарияе, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, ба таври фоҷиабор рух дод.
«Ҳоло, вақте ки мо кӯшиш дорем, ки пандемияи ҳозираро таҳти назорат гирем, бояд аллакай дар бораи бемории навбатӣ андешем. Мутаассифона, метавон вирусеро ба осонӣ тасаввур кард, ки ҳамин гуна гузаранда ва ҳатто хатарноктар бошад», — илова кард ӯ.
Антонио Гутерриш, инчунин даъват кард, ки инсоният дарсҳои дар тӯли ин сол аз худкардаро фаромӯш насозад. Кишварҳо бояд системаҳои тандурустиро тақвият диҳанд ва дастрасии ҳама шаҳрвандонро, бе истиснои хадамоти тиббӣ, таъмин кунанд. Мо бояд системаи ҳифзи иҷтимоиро такмил диҳем. Давлатҳо бояд бо ҳамдигар фаъолона ҳамкорӣ намоянд. Одамон ҳамчунин бояд ҳамзистӣ бо табиатро омӯзанд ва тамоми ҳудудҳои навро аз олами вуҳуш нагиранд: роҳбари СММ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки 75 фоизи бемориҳои нави сироятӣ зоонотикӣ мебошанд.
Тавре «Ховар» менависад, дар ин рӯз, ҳамчунин ёдоварӣ шуд, ки пандемияи коронавирус намунаи равшани оқибатҳои фалокатборест, ки метавонанд барои инсоният эпидемияҳои бемориҳои сироятӣ гарданд. Тайи як сол беш аз 81 миллион нафар ба COVID-19 сироят ёфта, зиёда аз 1,7 миллион нафар фавтидаанд. Аксари кишварҳо ба вазъияти бӯҳронӣ дучор шуданд. Тамоми соҳаҳои иқтисод зарар диданд, бисёр ширкатҳо муфлис шуданд ва даҳҳо миллион одамон бекор монданд.