“100 сония”: Ҷасадро аз нодорӣ 16 моҳ гур накардаанд

ТАСС. Директори Маркази тадқиқ ва тандурустии Иттиҳоди Африқо  Джон Нкенгасонг ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки боз як намуди нави коронавируси SARS-CoV-2 ошкор гардид. Ин намуди нави коронавирус  – P681H – дар Нигерия ба кайд гирифта шудааст. Намуди нав аз коронавируси оғози соли 2020 ва ба наздикӣ дар Британия ошкоргардида тавофут дошта, сироятнокияш шадидтар мебошад.

ТАСС. Хадамоти федеролии тандурустии Швейтсария эълон доштаст, ки дар бадани ду тан аз шаҳрвандони ин кишвар намуди нави коронавирус, ки дар Британия пайдо гардидааст, ошкор шуд.  Баъди ин чорахои амниятӣ шадидтар гардид, зеро сироятнокии ин намуди нав  шадидтар мебошад. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Корреспондент. Аввалин иёлот дар Амрико ба қайд гирифта шуд, ки шумори сироятёфтагони коронавируси COVID-19 он ҷо аз 2 млн зиёдтар шуд. Иёлоти  сераҳолии Калифорния аввалин иёлате дар Амрико гардид, ки шумори сироятёфтагони коронавирус  ба 2 010 157 тан расид. Дар ин иёлат беш аз 23 000 аз ин беморӣ фавтидаанд.

РИА Новости. Дар вилояти Самараи Руссия дар  як хонаи иқоматӣ дар кӯчаи Озодӣ ҷасади занеро дарёб намуданд, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2019 фавтида будааст. Қариб 16 моҳ бо ин ҷасад дар хона писари маъюби ӯ иқомат мекардааст. Бинобар сабаби нодорӣ ва ташкил карда натавонистани маросими гӯру чуб писари маъюб ҷасади модарро ба қолин печонида дар хона  гузоштааст. Ин ҳолат вакте маълум гардид, ки яке аз  дӯстони ин ҷавон ба дидорбинии ӯ ба хонааш омад.

ТАСС. Иморати бохашамату машҳури шоҳи поп – мусиқӣ Майкл  Джексон  “Неверленд”,  ки ханӯз аз соли 2015 ба фурӯш гузошта шуда буд, нихоят соҳиби нави худро дарёфт намуд. Дар аввал ин иморат ба маблағи $100 млн  ба савдо гузошта шуда буд. Аммо миллиардер Рон  Беркли ин иморатро бо маблағи $22 млн харидорӣ намуд. Гуфта мешавад, ки ин харидор шахсан бо Майкл Ҷексон ошноӣ доштааст.

РИА Новости. Дар сомонаи президенти Молдова номи забони давлатии ин кишвар иваз гардид. Агар қаблан номи забони давлатии Молдова «молдавӣ» буд, акнун номи ин забон «руминӣ» гардид. Ин тағйирот баъд аз ба фаъолият шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби ин кишвар Майя Санду ба вуқӯъ пайваст. Ёдовар мешавем, ки чор сол пеш, вакте ки президенти қаблӣ  Игор  Додон ба вазифаи худ шурӯъ намуда буд, номи забони давлатии ин кишвар, ки «руминӣ» буд ба «молдавӣ» тағйир дода шуд.

РИА Новости. Вазири сайёҳии Уругвай Герман Кардосо  ба рӯзноманигорон иттилоъ додаст, ки ҳукумати ин кишвар нақша дорад, ки нимаи дуюми соли 2021 ҳама сайёҳони хориҷиро қабул созанд. “Ин дар нақшаи кории ҳукумат аст, аммо умед дорем, ки аз ин пештар мо имкон пайдо мекунем, то сайёҳонро қабул созем”, – гуфтааст вазир ба рӯзноманигорон.
Ба қавли вазир Уругвай дар масъалаи мубориза бо пандемияи COVID-19 барои дигар кишварҳо намуна мебошад. Дар ин кившар 14 710 ходисаи гирифторшавӣ ба кайд гирифта шудаву 128 тан аз ин беморӣ фавтидаанд.

РИА Новости. Шумори гирифторони коронавирус дар кишвари Олмон аз 1,6 млн боло рафт. Ин маълумотро Донишгоҳи Роберт Кох, ки дар вазорати тандурустии Олмон ба ташхису омори марбут ба COVID-19 машғул аст, пешниҳод доштааст. Аз рӯи маълумоти ин донишгоҳ шабонарӯзи гузашта дар Олмон шумори сироятёфтагон боз 25 533 тан афзуда, ҳамчунин 412 тани дигар фавтидаанд. Шумори умумии сироятёфтагон дар Олмон ба 1 612 648 тан расида,  29 182 тан аз ин беморӣ фавтидаанд.

Холиқзода Моҳшариф

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *