Баҳси “Бистсолаи омӯзиш…”: Танҳо эълон намудан кофӣ нест!

Корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳафтаи сипаригардида саҳми барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм»-ро, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соле қабл эълон дошта буданд, пешгӯйӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Ҳошим Норов, яке аз мубоҳисон нигоштааст: “Ин барнома барои рушду нумуи техника ва технологияи навин ва тараққиёти босуръати кишвари азизамон такони ҷиддӣ бахшида, барои омодасозии кадрҳои ботаҷрибаву босавод саҳми худро хоҳад гузошт, чунки пешрафти ҳар як давлату миллат ба ҷомеаи босаводу ботаҷриба вобастагии калон дорад”.

Насим Ҳусейнов, яке аз иштирокдорони ҷавон бо умедворӣ баён доштааст, ки бо дасгирии кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои мақсуд хоҳем расид, чунки мо ҷавонони тоҷик пайрав ва тарафдори Пешвои миллат ҳастем. Ҷаноби Олӣ дар ҳар паёмашон зикр мекунанд, ки ҷавонон ояндасози миллат ҳастанд.

Камолиддин Каримов, як корбари дигар соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар арзёбӣ карда, навиштааст, ки аммо аз хисоби оне, ки баъзе аз волидайни муҳтарам ба донишомӯзии фарзандони худ аз сари сидқ таваҷҷуҳ намекунанд, сифати донишомӯзӣ паст шуда истодааст. Бо ҷонибдорӣ аз ин шарҳи корбар, Баҳодур Мирзоев, як истифодабаранда гуфтааст: “Аз пешравиҳо ва афзалиятнокии соҳаи маориф мо хурсандем, аммо аз кадрҳое, ки дар баъзе аз мактабҳо роҳбарони шуъбаҳои маорифи навоҳӣ бо шиносбозӣ мегузоранд, нигарон”.

Дар посух ба ин, Камолиддин Каримов дубора навиштааст, ки “шахсан ман ҳам аз мавҷуд будани чунин ҳолатҳо розӣ нестам, аммо хубтар мешуд, ки ин масъалаҳо аз ҷониби мақомот ҳаллу фасл гардад. Яъне лозим намедонам, ки ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс кашида шавад. Беҳтар аст, ба мақомоти дахлдор бо факту далел муроҷиат кунед. Дар сурати ислоҳ ва чораандешӣ нашудан баъд тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ нависед!”.

Нурулло Ғафуриён, як фаъоли иҷтимоӣ дар қисмати шарҳ иброз доштааст: Сармояи инсонӣ муддати даҳсолаҳо омода мешавад ва чунин барномае бо назардошти ҳамин нозукӣ таҳия гардидааст. Эффекти он дарҳол мушоҳида намешавад. Кадрҳои имрӯза натиҷаи заҳматҳои 20-40 сол пештар кашидаи омӯзгорон аст. Ин ки алъон омӯзгорон (умуман системаи маориф) чӣ хидмате ба халқ карда истодааст, баъди даҳсолаҳо маълум мегардад. Ин нуктаро Нурулло Ғафуриён, як фаъоли иҷтимоӣ дар қисмати шарҳ навиштааст.

Дар пайи ин ҳама андеша ва назарҳои корбарон як ширкаткунандаи ин баҳс навиштааст: “30-сол пеш, Маҳотир Муҳаммад роҳбари Малайзия ҳуқуқи маоши муаллимонро даҳ баробар зиёд кард. Вақте кормандони дигар бахшҳои ҷомеа эътироз карданд, дар ҷавоби муътаризон гуфт: Ман барои фарзандони Малайзия сармоягузорӣ кардам, ки натиҷаи онро 20-сол баъд мебинед”.

Саида Набиева, як бонуи корбар дар хотимаи баҳси мазкур дар робита ба барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар сохаи маориф ва илм» назари худро чунин баён кардааст: “Имкониятҳои мусоидро дар оянда баҳри омузиши илмҳои дақиқ фароҳам хоҳад овард.  Албатта, танҳо эълон намудан кофӣ нест, бояд амалишавии он зери назорати ҷиддӣ қарор бигирад. Бовар кунед, танҳо пайдо намудани қобилияти ҳал кардани масъалаҳои математикӣ ва ё физикиву химия маънои пешрафти илмро ифода намекунад. Бояд барои дар амал иҷро намудани реаксияҳои химиявӣ ва ё лабораторияҳои биологӣ ба омода кардани мутахассисони соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода шавад ва аз назария ба амалия гузаштан лозим”.

Таҳияи

Хидирназаров Дилшод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *