Асосгузори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ 95 – сола шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои ҶТ бахшида ба 95-солагии зодрӯзи доктори илмҳои тиб Мансуров Ҳусейн конфренсияи илмӣ баргузор градид.

Дар оғози чорабинӣ Муовини Президенти АМИТ Абдусаттор Самадов баромад намуда, изҳор дошт, ки “воқеан ҳам Академик Ҳомид Ҳусейнович Мансуров аз нобиғагони замони худ буда, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин марди бузург на фақат анъанаҳои неки гузаштагонамонро дар соҳаи тиб ва табобати мардум давом додаст, балки онро бо истифода аз дастовардҳои замони муосир муваффақона ба зинаҳои баландтар ҳам бардоштааст. Дар ҷараёни конфренсияи илмӣ доктори илми тиб Ғиёсиддин Мироҷов роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти илмии академик Ҳ. Ҳ Мансуров маърӯза намуда, иброз дошт, ки Мансуров Ҳ. дар омӯзиши фишорбаландии порталӣ саҳми босазо гузоштааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Академик Мансуров Ҳ. асосгузор ва аввалин роҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии кишвар буда, дар ташаккул ва густариши илму амалияи соҳаи гатроэнтерология на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ саҳми босазо гузоштааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ аввалин чунин маркази илмию таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон (1959) ва баъдтар дар Днепропетровск ва Маскав таъсис ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Хизмати академик Ҳ,Ҳ, Мансуров дар бобати таълим ва тарбияи миқдори зиёди шогирдон ва ба арсаи ҷаҳонӣ бардоштани симои тибби муосири тоҷик низ назаррас аст.

Баҳруллои М.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *