Аз номи Пешвои миллат ба маъюбону омӯзгорони шаҳри Ҳисор туҳфаҳои идона тақдим гардид.
Ин туҳфаҳоро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба маъюбону омӯзгорони Мактаб- интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор супурда, онҳоро бо соли нави милодӣ табрик намуданд.
Бино ба маълумот дар муассисаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус 316 нафар кӯдакони маъюб аз вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки онҳо пайвастаи зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Дар ин муассиса кӯдакони маъюбро устодону мураббияҳои ғамхор бо меҳру муҳаббат парасторӣ менамоянд.
Хотирасон мешавем, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири пурра гардида истодааст. То ин муддат толори маҷлисгоҳ, хобгоҳҳои кӯдакон ва як қисми дигари бино пурра таъмир шуда, шароити кӯдакони маъюб хуб гардидааст. Онҳоро бо аробачаҳои нави маъюбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудаанд.