Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир, аз ҷумла ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар пойтахти кишвар бо ҳузури Пешвои миллат, сафари кории Абдулло Абдулло раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Душанбе ва муайян шудани ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳ кардаанд.
Ҷумҳурият – Пахта. Дахл нуздаҳу харҷ бист?
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар мақолае бо номи “Пахта. Дахл нуздаҳу харҷ бист?” навиштааст, ки имсол дар кишвар 417 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки 99 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Яъне ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 22 сентнер расидааст, аммо ба гуфтаи коршиносон танҳо дар ҳолати аз ҳар гектар 30 сентнер гирифтани ҳосил, деҳқон метавонад фоида бардорад.
Дар идома муаллиф навиштааст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 35 хоҷагии тухмипарвар ҳар кадом танҳо ду-се навъи тухмӣ парвариш мекунанд, ки на ҳамаашон ба иқлими маҳал мутобиқанд. Аз ин лиҳоз, деҳқонон ба тухмии хориҷӣ, рӯй меоваранд.”
Муаллиф таъкид кардааст, ки деҳқонони кишвар ҳавасмнди истифодаи тухмиҳои ватанӣ ҳастанд, лекин куҷоянд ҳамон навъҳои серҳосил, ки селексионерони тоҷик бояд кайҳо меофариданд? Чаро 35 хоҷагӣ наметавонад ниёзи соҳаро бо тухмии хушсифат қонеъ созад?
Садои мардум – Чаро матбааи Кӯлоб аз фаъолият бозмонд?
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар матлабе бо номи “Чаро матбааи Кӯлоб аз фаъолият бозмонд?” навиштааст, ки матбааи мазкур то соли 2006 беш аз сад коргар дошта, нашрияи «Навиди Кӯлоб» ва рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявиро низ бо сифати баланд нашр мекард, аммо ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст.
Ба навишати муаллиф айни замон бинобар корношоям будани дастгоҳи чоп ва норасоии кадрҳо, маҷаллаю рӯзномаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб дар Душанбе чоп мешаванд. Муаллиф дар фарҷом суол гузоштааст, магар дар шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷиҳати теъдоди аҳолӣ сеюмин шаҳр дар ҷумҳури маҳсуб мешавад, ягон соҳибкори муваффақ қудрати дубора ба кор андохтани матбааи онро надорад?
Тоҷикистон – Афғонистон таҷрибаи сулҳсозии тоҷиконро меомӯзад
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 декабр дар сармақолаи худ бо номи “Таҳдид дар марз ва нақши калидии Тоҷикистон дар сулҳи Афғонистон” мусоҳибаи Абдулло Абдулло Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистонро бо рӯзноманигорони тоҷик нашр кардааст.
Аз ҷумла дар посух ба суоли он ки Кобул аз Душанбе чиро интизор аст, Абдулло Абдулло гуфтааст, ки Тоҷикистон дар сулҳи Афғонистон нақши калидӣ хоҳад дошт, зеро Душанбе ҳамеша ҷонибдорӣ сулҳи дар ин кишвар буда, аз минбарҳои балантарин аз мардум ва сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи вай Тоҷикистон таҷрибаи сулҳсозӣ дорад ва ҳадафи сафараш омӯхтани ин таҷриба буд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Ҷазои раҳмонӣ ба рафтори шайтонӣ, айб дар қозӣ ё дар қонун”, аз чанд ҳукми сабуки додгоҳ нисбат ба муттаҳамон ба таҷовузи ноболиғон изҳори нигарони кардааст.
Ба навишати муаллиф ахиран Суди ноҳияи Рӯдакӣ як нафарро бо гуноҳи зикршуда танҳо ба 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст. Инчунин Суди ноҳияи Ҳисор низ ахиран як нафар муттаҳам ба таҷовузи духтари 12-соларо ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, баъдан афв кардааст. Муаллиф дар робита ба ин суол гузоштааст, ки чаро таҷовузагрон, ки ба кудакон дастдарозӣ мекунанд ба осонӣ раҳо мешаванд? Айб дар қонун аст ё ҳукмбарорҳо? Агар дар қонун бошад онро бояд иваз кард,- тазаккур додааст муаллиф.
“Фараж”
Нашрияи “Фараж” дар шумораи рӯзи 23 декабр бо чопи чандин акс аз бозори шаҳри Истаравшан, навиштааст, ки роҳҳои бозори ин шаҳрро бо лой “мумфарш” кардаанд. Муаллиф инчунин аз таваққуфи бенизоми мошинҳои мусофирбар дар назди бозори шаҳри Истаравшан интиқод карда, аз раҳбарияти шаҳр даъват кардааст, ки як дафъа бе огоҳӣ мӯза пӯшида, аз наздик бо ҳолати бозор ва атрофи он ошно шаванд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби дигаре навиштааст, ки Комисарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент ҷавонеро ба хизмати ҳарбӣ бурдааст, ки ҳам касалии руҳӣ ва ҳам бемории сил доштааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома Исломов Ҷӯрақул падари ин ҷавон гуфтааст, ки Комисарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент писраш Исломов Ҷасурбекро дар замони даъвати тирамоҳӣ аз кӯча дошта ба аскарӣ фиристодаанд. Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир ин ҷавон дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ аст.
Аммо ба навиштаи муаллиф, масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент ва комисарияти ҳарии ин шаҳр исрор доданд, ҷавони номбурда солим аст.
Азия –плюс – дарсҳои пандемияи Ковид-19
Нашрияи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 24 декабр бо нашри матлаби муҳимтарин руйдодҳои соли 2020-ум барои мардуми Тоҷикистонро номбар кардааст. Муаллиф матлабро “Дарсҳои пандемия” номгузорӣ карда, навиштааст, ки пеш аз ҳама дар соли 2020 нархи маҳслуоти ниёзи аввал, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ 15,9%, равған 35,3%, шакар 41,6% , тухми мурғ 19,3%, ва гӯшт 6,2% афзоиш ёфт.
Дар баробари ин нашрия ёдовар шудааст, ки соли 2020 музди меҳнат, нафақа ва стипендияи донишҷуён 15% афзоиш ёфт. Нашрия дар идома менависад, ки дар соли 2020 ба далели пандемия роҳи сафари муҳоҷирони корӣ ба хориҷи кишвар баста шуда, боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон бошад 66% кам шуд.
Дар фарҷом бошад муаллиф таъкид кардааст, ки пандемия ба мардум роҳҳои ҳифзи саломатӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятиро ёд дод.
Аҳмадов З.