Дар соли 2020 аз уҳдаи иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет ба ғайр аз ноҳияи Дарвоз дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон набаромаданд, ки ин ба иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети вилоят таъсири манфӣ расонд.
Сабаби асосии чунин ҳолатро муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар дар ҳисоботи худ пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмонӣ ва истихроҷӣ, ҳамчунин паҳншавии бемории каронавируси нави Ковид -19 ҳисобида шуд, ки дар давоми моҳҳои майю июн сабаби маҳдуд шудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои савдову тиҷорат арзёбӣ кард.
Дар ин машварти васеъи назди раиси ВМКБ гуфта шуд, ки вилоят аз иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯйи 4 намуди андоз, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда 91 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 99,1 фоиз, боҷи давлатӣ 97 фоиз, андоз аз истифодабарандагони қаҳри замин 98,2 фоиз баромадааст.
Сардори Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят Мирзомуродзода Рустам дар навбати худ фаъолияти ситодро дар давоми 11 моҳи соли равон ба баррасӣ гирифта, таъкид дошт, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон 541 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбати 89%-и он парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. «Дар ин муддат 304 силоҳи оташфишон ва ҳамчунин аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир беш аз 80 кг навҳои мухталифи маводи нашъаовар кашф ва мусодира шудаст», таъкид намудааст Мирзомуродзода Р.
То имрӯз 4610 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шадиди шуш ва роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуда, айни ҳол бошад 2 нафар бо бемории Ковид 19 ва 6 нафар аломатҳои шадиди илтиҳоби шуш дар муассисаҳои табобати мавриди муоина ва муолиҷа қарор дода шуд. Ин нуктаро сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музафаров иброз дошта, илова кард, ки ар давоми сол 30 ҳодисаи фавт бо бемориҳои ҳамрадифӣ сабт шудаст.
Ҳамин тавр, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов баъди натиҷагрии рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2020 таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо комёбиву муваффақиятҳояш новобаста ба бӯҳрони молиявии ҷаҳони пандемияи Ковид — 19 таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир низ ноил гардид.