Месси рекорди Пелеро шикаст

Лионел Месси голи 644-уми худро ба самар расонида, бо ин натиҷа аз Пеле пеш гузашт.

Ӯ дар саҳифаи инстаграми худ гуфтааст, ки “вақте ман ба футболбозӣ оғоз кардам, ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки чунин рекордро мешиканам. Ва ҳатто бештар аз он чизе, ки худи Пеле насб карда буд. Ман метавонам танҳо ба ҳама касоне, ки дар тӯли ин солҳо ба ман кӯмак кардаанд, миннатдорӣ баён кунам, ба ҳамкасбонам, оилаам, дӯстонам ва ба ҳар касе, ки ҳар рӯз маро дастгирӣ мекунад».

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамлавари аргентинии «Барселона» – Лионел Месси дар бозии даври 15-уми Чемпионати Испания бар зидди дастаи «Валядолид» (3:0), голи 644-уми худро ба самар расонид ва бо ин нишондод аз Пелеи нобиғаи футболи ҷаҳон, ки дар олами дунё бо исми «Шоҳи футбол» машҳур асту 643 гол задааст, пеш гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *