Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон – ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиби ҷоиза шуданд.
Бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» гуфта шудааст, ки ду ширкати истеҳсолии Тоҷикистон — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омаданд, ва 22 декабр дар доираи ҷаласаи 58-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, ба онҳо ин ҷоизаҳо тақдим шуд.
«Дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» (истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ) аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» (истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, ҷўроб) аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур пешбарӣ шуда буданд. Дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки санаи 13 марти соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун – Лауреати озмун сарфароз гаштанд», — хабар медиҳад “Ховар” бо такя ба манбаи худ.
Бино ба маълумоти «Тоҷикстандарт» ҳоло дар корхонаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон омодагиҳо барои иштирок дар озмуни мазкур дар соли 2021 ҷараён доранд.