Гурӯҳи корӣ оид ба тақдими китоби “Тоҷикон” ин тӯҳфаи Роҳбари давлатро ба сокинони ноҳияҳои Шуғнону Рӯшони ВМКБ супориданд.
Дар ин маърака намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои вобаста дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои болозикр иштирок намуда, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон”-ро ба ҳар як хонавода тақдим намуданд.
Гуфта мешавад, ки сокинон аз дастрас намудани ҳадяҳои Пешвои миллат изҳори хушҳолӣ ва сипос намуда, нақши иқдоми мазкурро дар тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши аҳолии мамлакат бесобиқа ва бузург унвон карданд. Дар баробари ин, ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мардуми ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон дар мавриди масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла истифодаи босамари заминҳои наздиҳалигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи аз худ кардани илму дониш ва ҳунар, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва ғайра суҳбат намуданд.
Хотирасон мешавем, ки 20-уми декабри соли ҷорӣ дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз ҳам китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид.